Ҷамъбасти фаъолияти Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода

Дар «Ширкати алюминии тоҷик» бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Турсунзода, роҳбарону кормандони ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иштирок доштанд. Дар ҷаласа ҳисоботҳо оид ба иҷрои чорабиниҳо дар соли гузашта шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2022 муайян карда шуданд.

Диду боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд. Суҳбати рӯбарӯ бо кормандон, афсарон ва сарбозон

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода бо роҳбарон ва ҳайати шахсии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, сарварони шуъбаҳо ва шӯъбаҳои ноҳиявӣ мулоқот кард, ҳамчунин аз қисми ҳарбии Кумита мустақар дар қаламрави ин вилоят дидан намуд.

Заминларзаи дирӯз. Аз талафоти ҷониву хисорот гузориш нарасидааст

Бино ба гузориши Институти геология  ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта, 13 январ соати 17:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гуфтаи ин  манбаъ маркази заминларза 20 километр шарқи ноҳияи Рашт ва 153 килеметр шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 

Муовини корҳои сиёсӣ-тарбиявии сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон муаррифӣ шуд

13 январи соли 2022 ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод ва ба ҳайати шахсии Раёсати КҲФ дар ин вилоят муовини нави сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявиро муаррифӣ кард.
Ҷонишини Расиси КҲФ бо роҳбарони воҳидҳои сохтории

Ду хабари рӯзи гузашта. Заминларза дар кишвар. Боз кардани даре дар Душанбе

Бино ба хабари Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта, 12-уми январи соли 2022 соати 10:26 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 230 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 146 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Хоруғ, дар қаламрави Афғонистон буд.

Қувваи ин заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 2 балл буд. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар хабар дода нашудааст. 

Страницы