КҲФ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ бозҳам густариш меёбанд

29 июли соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули 844 маҷмӯаи гигиенӣ барои оилаҳо, ки бо дастгирии Ҳукумати ИМА харидорӣ шудаанд, доир гардид.

Ин маҷмӯаҳо барои вокуниши фаврӣ дар ҳолати офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ гардидааст.

 

КҲФ: Мулоқоти дуҷониба ва боздиди Раиси Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Муғулистон аз КҲФ

Дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Мулоқотҳои судманди дуҷониба миёни роҳбарони ду сохтор ташкил ва баргузор гардиданд. Қобили зикр аст, ки ин мулоқотҳо дар асоси ҳамкориҳои судманд ва бо ҳадафи таҳкими муносибатҳои дӯстона 

КҲФ: Такмили донишу малака

Масъулини самти кадрҳо, корҳои сиёси-тарбиявӣ ва таълимоти ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили такмили дониши ҳайати шахсӣ диққати махсус дода, пайваста машғулиятҳои гуногунро баргузор менамоянд.

Дар толори асосии Кумита ин навбат бо иштироки

Имзои Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ Тоҷикистон ва Агентии ҳолатҳои фавқулоддаи Муғулистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Ин санад бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар самтҳои идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, беҳтарсозии системаи огоҳсозӣ ва алоқа,

Ҳалокати се сокини Тоҷикистон дар як садамаи мошин дар вилояти Уляновски Русия

Бино ба гузориши Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия 23 – уми июли соли 2025, соати 05:40 дақиқа дар километри 254-уми шоҳроҳи М-5 "Урал" - роҳи даромадгоҳи шаҳраки Тереенгул, вилояти Уляновски Федератсияи Русия садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

 Манбаъ хабар додааст, ки микроавтобуси Н-1, рақами қайди давлатиаш Е 655 ТК 777 ва мошини боркаши Камаз рақами давлатиаш K 649 TH 05, ки дар канори роҳ меистод,

Страницы