Дар садамаи ду мошин чор нафар ҳалок шуданд. ВКД низ аз ҳалокати се нафари дигар дар ду садама хабар дод

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз як садамаи мудҳиши мошин дар шоҳроҳи Бохтар-Данғара хабар дод. Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 13:46 дар километри 44-уми роҳи ёдшуда рух додааст.

Бино ба ин гузориш мошини тамғаи “Опел-астра”, ки аз...

COVID-19: Русия дар остонаи эълони локдауни нав

Аз имрӯз, душанбе, 25-уми октябр дар шаҳри Москав маҳдудиятҳои нав барои пешгирӣ аз авҷи бесобиқаи сироят ба коронавирус ҷорӣ мешаванд. Ба сабаби авҷи гирифторӣ ба Covid-19 қарор аст аз рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Русия локдауни нав эълон шавад. Бино ба фармони шаҳрдори Москав Сергей Собянин аз имрӯз шахсони болотар аз синни 60 ва ҳамаи онҳое, ки бемориҳои куҳна доранд, бояд аз хона берун нашаванд.

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ду ноҳия

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб як сислсила омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Ин омӯзишҳо дар мавзӯъи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии паёмадҳои офатҳои...

Ёрии башарии Ҷумҳурии Белорус ба Тоҷикистон (ВИДЕО)

25 октябри соли 2021 бар асоси Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Белорус  ва ҳамоҳангии умумии Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башарӣ расиданд. Ин кумакҳо иборат аз электрогенераторҳо, хаймаҳо, маводи ғизоӣ, доруворуҳо иборат буданд ва дар маҷмуъ 40 тоннаро ташкил медиҳанд.

Бори башардӯстонаро ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорусия...

Захираи молҳои ғайриғизоӣ ғанӣ шуд. Ин молҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба ниёзмандон тақсим хоҳанд шуд

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, инчунин расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ ҳангоми офатҳои табиӣ, имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили ёрии башардӯстонаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист бо сармоягузории Агентии рушд ва ҳамкориҳои Швейтсария баргузор гардид.

Страницы