Он чӣ рангин мекунад ин рўзгорон, ваҳдат аст…

Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо доштанд, то мо ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расем.

Коҳиши чашмраси мубталоён ва ҷонбохтагон аз коронавирус дар олам

Зарфи як шабонарӯз дар саросари олам  398 737 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст ва 9025 нафар гирифтрони COVID-19 фавтидаанд.  Гунаи коронавирус SARS-CoV-2, ки ҳоло номи илмии  «Делта» гирифтааст, назар ба навъҳои пешини он ду баробар осонтару зудтар ба одам сироят мекунад.

Ҳафтаи гузашта сироят ба коронавирус дар олам 6% ва...

АЗ ДОНИШНОМА. Фурӯ рехтани ногаҳонии сохтмон. Чӣ бояд кард?

Резиши ҷузъи ё пурраи ногаҳонии як сохтмон ҳодисаи фавқулода ва мусибати азим барои бошандагону атрофиёни он аст. Ин ҳодиса хатарҳои зиёд дорад, ки дар натиҷаи иштибоҳу хатоҳо дар бунёди он ба вуҷуд меояд ва тарҳи он нокомилу суфтаву пурра набудааст ва ё созандагон аз бунёди сохтмон аз рӯи тарҳ ақибнишинӣ кардаанд, қонунҳои насбро нодида гирифтаанд. Баъзан ин фурӯравиҳо дар натиҷаи

Соҳилҳои осебпазири “Баҳри тоҷик” мустаҳкам карда мешаванд

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» ва ҷиҳати иҷрои нақшаи чораҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулода дар мавсими боронгариҳо ва пешгирӣ дар ҳолати рух додани селу обхезиҳо барои соли 2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Гулистон тасдиқ гардидааст, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Аввалин маҳдудиятҳои зиддикоронаӣ дар Русия. Локдауни дуҳафтаина дар Бурятия

Ҳукуматдорони Бурятия тасмим гирифтанд аз 27-уми июн то 12-уми июл дар қаламрави ин кишвар маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кунанд. Сабаби ин авҷи нави сирояти коронавирус дар қаламрави ин ҷумҳурӣ аст.

«Аз 27 июн то 12-уми июли соли равон дар қаламрави кишвар низоми ғайрикорӣ эълон мешавад. Муддати ду ҳафта фаъолияти ҳамаи корхонаҳо, ба истиснои хидматрасониҳои

Страницы