Коҳиши чашмраси мубталоён ва ҷонбохтагон аз коронавирус дар олам

Зарфи як шабонарӯз дар саросари олам  398 737 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст ва 9025 нафар гирифтрони COVID-19 фавтидаанд.  Гунаи коронавирус SARS-CoV-2, ки ҳоло номи илмии  «Делта» гирифтааст, назар ба навъҳои пешини он ду баробар осонтару зудтар ба одам сироят мекунад.

Ҳафтаи гузашта сироят ба коронавирус дар олам 6% ва фавтидагон аз ин беморӣ 12% коҳиш ёфт. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар варақаи ҳарҳафтаинаи худ дар бораи бемориҳои гузаранда иттилоъ дод.

Дар Африқо беморӣ 39% ва дар қисмати Шимоли Баҳри Миёназамин 2% афзоиш доштааст.  Аммо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 21% ва дар Аврупо 6% сироят ба КОВИД-19 коҳиш ёфтааст. 

Мутатсияи коронавирус SARS-CoV-2 то замоне идома мекунад, ки кулли олам зидди коронавирус эм нашавад, гуфт Садриаъзаи олмон Ангела Меркел рӯзи 23-уми июн. Сарвари Олмон он рӯз бори дуюм худро бо воксинаи ширкати дорувозии  Moderna эм кард.

Дар Гурҷистон шумори сироятшудагон ба гунаи ҳиндии коронавирус, ки ҳоло “Делта” номида мешавад, дар ҳоли афзоиш аст.

Дар Русия шабонарӯзи гузашта боз 20 182 нафар ба вируси корона сироят ёфтанд. Бештари сироятшудагони ошкоршуда дар шаҳри Москав — 8598, Подмосковйе — 2308, Санкт-Петербург — 1143 буд. Ҳамчунин дар вилоятҳои Нижегород ва Воронеж, дар Бурятия ва Қрим низ шумори бештари мубталоён сабт шуданд. 

Ҳокими  Нур-Султон Алтай Кулгинов аз сокинон хост фаврӣ худро зидди коронавирус эм кунанд. Вай изҳор дошт, ки дар пойтахти Қазоқистон аввалин ҳодисаҳои сироят ба штамми ҳиндӣ ба қайд гирифта шудааст. Шумори мубталоён ба короавирус дар Қазоқистон ба 413 267 нафар расидааст.

Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта боз 822 гирифтори нав ба коронавирусро ошкор карданд. Рӯзе қабл шумори сироятшудагони шабонарӯзӣ 931 нафар эълон шуда буд.

Дар Ӯзбекисон штамми ҳиндии коронавирусро ба қайд гирифтанд ва шумори мубталоёни ин навъ рӯ ба афзоиш аст. То ба имрӯз дар ин кишвар 107,7 ҳазор нафар мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст ва танҳо шабонарӯзи гузашта боз 432 нафар сироят шуданд.  

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн шумори гирифторони навро 13 нафар эълон кард. Ҳодисаи марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.  

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳамадзода гуфт, ки дар шимоли кишвар дар айни замон 37 нафар аз илтиҳоб табобат мегиранд ва ҳашт нафари дигар мубталои КОВИД-19 шудаанд. Ғайр аз ин чанд нафари дигар дар хонаҳои худ муолиҷа мешаванд.