Рӯзи назофат бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити атроф

Ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити атроф хизматчиёни ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ шанбегӣ гузарониданд.

Онҳо қаламрави қисми ҳарбӣ ва минтақаҳои атрофи онро аз ҳар гуна нопокиҳо пок карданд, соҳилҳои иншоотҳои обиро  тоза карданд.  

COVID-19: Нигарониҳо аз густариши штамми ҳиндуи коронавирус афзудаанд

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 172 миллиону 910 ҳазору 966 нафар ва ҷонбохтагон ба 3 миллиону 717 ҳазору 320 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 155 миллиону 838 ҳазору 176 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Кишварҳое, ки шумори бештари сироятшудагон ба КОВИД-19 доранд:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз фаро расидани гармои шадид ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон ҳавои хушку гарм дар пеш аст. Дамои ҳаво 37 + 42 ва дар водиҳо ба 42+45 дараҷа мерасад. Ҳавои ноҳияҳои кӯҳӣ то ба 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

COVID-19 : Шумори олудашудагон ба коронавирус ба 172,5 миллион ва ҷонбохтагон ба 3,8 миллион наздик мешавад

Теъдоди умумии гирифторон ба коронавирус дар олам субҳи имрӯз  172 миллиону  430 ҳазору 557 нафар эълон шуд. Шабонарӯзи гузашта боз 229 ҳазору 059 нафар мубталоёни нав сабт шуданд. Дар як шабонарӯз 9 763 нафар фавтиданд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 3 миллиону 706 ҳазору 682 нафар расид. 155 миллиону 294 ҳазору 393 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар беморхонаҳои олам ҳоло 90 ҳазору 168 нафар...

Насби овезаҳо дар соҳили Баҳри тоҷик

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2021, инчунин баҳри пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва обутобгоҳҳои шаҳри Гулистон аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар минтақаҳое, ки бештари сокинон ва меҳмонон ҷамъ мешаванд

Страницы