Гаштугузори ҷамъии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

5 июни соли 2021 бо мақсади татбиқи дастурҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд ва тарғиби варзиш, тарзи ҳаёти солим кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар боғи ба номи Алишер Навоии шаҳр сайругашти дастаҷамъона бо роҳи махсус - терренкуру гузарониданд, ки онро "пайроҳаи саломатӣ" низ меноманд.

Терренкур лафзи фаронсавии terrain...

Кумак ба сокинони зарардидаи панҷ деҳаи Ҳисор (ВИДЕО)

4-уми июни соли равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 39 хоҷагии ҷамоатти деҳоти ноҳияи Ҳисор, ки 11 майи соли ҷорӣ аз сел зарар дида буданд, кумак расонд.

Ин ёриҳо аз маводи ғизоӣ, ашёи ниёзи аввал, кӯрпаҳо, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳо барои об, ҳабҳои поксозии оби нӯшокӣ ва ғайра иборат буданд.

Рӯзи назофат бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити атроф

Ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити атроф хизматчиёни ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ шанбегӣ гузарониданд.

Онҳо қаламрави қисми ҳарбӣ ва минтақаҳои атрофи онро аз ҳар гуна нопокиҳо пок карданд, соҳилҳои иншоотҳои обиро  тоза карданд.  

COVID-19: Нигарониҳо аз густариши штамми ҳиндуи коронавирус афзудаанд

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 172 миллиону 910 ҳазору 966 нафар ва ҷонбохтагон ба 3 миллиону 717 ҳазору 320 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 155 миллиону 838 ҳазору 176 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Кишварҳое, ки шумори бештари сироятшудагон ба КОВИД-19 доранд:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз фаро расидани гармои шадид ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон ҳавои хушку гарм дар пеш аст. Дамои ҳаво 37 + 42 ва дар водиҳо ба 42+45 дараҷа мерасад. Ҳавои ноҳияҳои кӯҳӣ то ба 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы