Дар олам беш аз 3 миллиону 100 ҳазор нафар аз коронавирус ҷан бохтанд. Шумори олудашудагон аз 146 миллион гузашт

Шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар олам ба 146 миллиону 274 ҳазору 580 нафар расид ва 124 миллиону 386 ҳазору 172 нафар пурра муолиҷа шуданд. Аз ин беморӣ то кунун  3 миллиону 100 ҳазору 333 нафар ҷон бохтанд.

Кишварҳое, ки бештар мубтало ба КОВИД-19 доранд:

COVID-19: Қирғизистон аз сирояти як нафар бо штамми британиёии коронавирус хабар дод

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамроҳ бо Агентии аврупоии доруворӣ қарор аст аз 10-уми майи соли равон марҳилаи дигари санҷиши воксани русии  "Спутник V" аз коронавирусро оғоз кунанд.

Шабонарӯзи гузашта дар ИМА 21 432 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.  

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар мактаби №35-и шаҳри Душанбе

Дар саросари ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои махсуси масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 дарсҳои мудофиаи гражданӣ доир мешавад, ки ҳадаф аз онҳо омӯзишҳо ва санҷиши омодагиҳои мудофиаи гражданӣ мебошанд.

Ҳамин гуна дарсҳоро Раёсати Кумитаи ҳолатҳои...

Як киштии зериобии Индонезия бо 53 сарнишинаш дар ҷазираи Балӣ нопадид шудааст

Ин киштии нопадишуда истеҳсоли Олмон дар даҳаи 80 –и асри гузашта буда, барои таъмири асосӣ ва навсозӣ ба Кореяи Ҷанубӣ эъзом ва пас аз ду сол, дар охири соли 2012 дубора вориди об карда шуд. Бино ба иттилои артиши Индонезия ҳоло ин киштӣ бо 53 сарнишинаш ҳангоми машқҳо дар наздикии ҷазираи Бали аз назарҳо нопадид шудааст. Дар айни замон Индонезия аз Австралия ва  Сингапур дар таҳқиқи обҳои баҳри Ҷова кумак хостааст.

Суҳбат аз коррупсия ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Рӯзи 21-уми апрели соли равон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе капитани адлия Давлатзод Собирҷон Ғафур мулоқот баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ сухан аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва...

Страницы