COVID-19: Қирғизистон аз сирояти як нафар бо штамми британиёии коронавирус хабар дод

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамроҳ бо Агентии аврупоии доруворӣ қарор аст аз 10-уми майи соли равон марҳилаи дигари санҷиши воксани русии  "Спутник V" аз коронавирусро оғоз кунанд.

Шабонарӯзи гузашта дар ИМА 21 432 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.  

Аз аввали ҳамагирӣ дар қаламрави Бразилия 14 миллиону 122 ҳазору 795 нафар ба  коронавируси SARS-CoV-2 гирифтор шудаанд.

Дар Олмон зарфи 24 соати гузашта 3119 сироятшудаи нав сат шудааст. Аз ҳама бештар мубталоёни нав дар заминҳои Федералии Рейни Шимолӣ – Вестфалия, Бовария ва Баден –Вюртемберг ба қайд гирифта шудааст.

То ба имрӯз дар Британияи Кабир 33 миллиону 257 ҳазору 651 ҳаддиақал як дозаи воксани коронавирусро гирифтаанд, ки ин тақрибан ниме аз аҳолии ин кишвар аст.

Дар Лаҳистон онҳое, ки эм мекунанд, як рӯз истироҳат хоҳанд дошт.

Вазорати тандурустии Туркия аз коҳиши афзоиши шабонарӯзии мубталоён ба коронавирус хабар дод. Ин ниҳод гуфт, ки 22-уми апрел 54 791 нафарро чун гирифтори нав сабт кардааст.

21 – уми апрел вазорати тандурустии Эрон хабар дод, ки аз КОВИД-19 дар шабонарӯзи гузашта 388 нафар фавтидаанд.

Ҳинд аз сирояти боз 6386 нафар дар 24 соати гузашта хабар дод.Ҳинд бо 16 миллиону 263 ҳазору 695 сироятшуда ба COVID-19 дар ҷаҳон ҷойи дуюм аст. Дар ҷойи аввал бо 32 миллиону 669 ҳазору 121 нафар мубтало ИМА қарор дорад. 

Дар Чин то кунун беш аз 204,1 миллион нафар зидди коронавирус эм карда шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 90 566 нафар ба коронавирус мубтало шуданд.  

Дар Русия аз сирояти боз 8 996 нафар ба КОВИД-19 хабар доданд. 

Дар Қазоқистон шаби гузашта боз 2893 нафар олудаи коронвирус шуданд. Бештар аз ҳама дар шаҳрҳои Олмаато — 695, Нур-Султон — 576, вилоятҳои Олмаато  — 240, Қарағанда  — 225 ва вилояти ғарбии Қазоқистон мубтало шудаанд. Аз аввали моҳи  март дар Қазоқистон афзоиши сироятшудагон ба COVID-19 ба қайд гирифта мешавд.

Дар Қирғисзистон аввалин бемор бо нишонаҳои штамми британиёии вирус сабт шудааст. Рӯзи 22-уми апрели соли равон аввалин бастаҳои воксани русии «Спутник V» дар ҳаҷми 20 ҳазор доза ба Бешкек ворид шуд. Вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, ки Қирғизистон бо Русия барои дастрас кардани як миллион доза воксан ҳар доза ба арзиши 10 доллар (768 рубл) муоҳада имзо кардааст.  

Дар Ӯзбекистон шабонарӯзи гузашта 384 сироятшудаи нав сабт шудааст, ки 207 нафари онҳо дар шаҳри Тошканд мебошанд.