Суҳбат аз коррупсия ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Рӯзи 21-уми апрели соли равон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе капитани адлия Давлатзод Собирҷон Ғафур мулоқот баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ сухан аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва пешгири намудани чунин кирдорҳои номатлуб рафт.

Дар рафти мулоқот меҳмон дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ тибқи моддаҳои қонуни ёдшуда муфассал сухан ронд ва ширкаткунандагонро аз тозатарин хабарҳои корупсионӣ бохабар намуд.

Ҳадафи ин мулоқот бори дигар ёдрас кардан ба ҳайати шасхсӣ дар бораи иқдомоти Ҳукумати кишвар дар мавриди решакан кардан ва тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ буд.

Мулоқот дар доираи иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дар асоси дастуру супоришҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳў ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  баҳри тарғибу ташвиқи Қонуни мазкур сурат гирифт.

 

 Озод Фахриддинзода