Заминларза дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод

Субҳи имрӯз соати 09:11 дақиқ бо вақти Душанбе дар қаламрави кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд.  Маркази ин заминларза 192 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 18 км ҷануби Тоҷикобод буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл, дар маркази ноҳияи Тоҷикобод 2 баллро ташкил дод. Аз талафоти ҷониву зарарҳои дигар гузориш нарасидааст.

COVID-19: Интиқоди Ҷо Байден аз ҳукумати Чин: “Иттилои муҳим” дар бораи маншаии коронавирусро пинҳон мекунад

Президенти ИМА Ҷо Байден аз ҳукумати Чин дар мавриди пинҳон кардани “иттилои муҳим” дар бораи маншаии коронавирус интиқод кардааст. Ҷо Байден баъди шунидани маърӯзаи Идораи иттилооти миллии Амрико, ки ба сунъӣ будани насаби  SARS-CoV-2 шубҳа мекард, суханронӣ намудааст. Ин гузориш бо дастури Президенти ИМА Ҷо Байден таҳия шуда ва тайид мекунад, ки нахусти сирояти инсони ба COVID-19

Боз кардани се дари баста дар шаҳри Душанбе

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуданд. Вале кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шабонарӯз омодаи ҳар гуна кумаку ёрӣ ба шаҳрвандонанд, вазифаву уҳдадориҳои худро дар мавриди наҷот ва расонидани кумак ба сокинон иҷро карданд.

COVID-19: Эрон ваксангирии занони ҳомиларо иҷозат дод. Дар ду шаҳри Юнон духтурон зидди ваксани маҷбурӣ тазоҳурот карданд

244,5 миллион нафар сокинони қаламрави Иттиҳодияи Аврупо, ки 66,8 дарсади аҳолии калонсолро ташкил медиҳад, худро зидди коронавирус эм кардаанд. Малта (90,3%), Ирландия (85,5%) ва Дания (83,5%), Латвия (45,5%), Руминия (31,9%) ва Булғористон (19,5%).

Як таҳқиқот, ки ахиран дар Британияи Кабир анҷом шудааст, нишон додааст, ки ваксини AstraZeneca ва Pfizer

Таркиш дар як анбори силоҳ дар Қазоқистон 3 кушта ба ҷой гузошт (ВИДЕО)

Дар як анбори силоҳ воқеъ дар вилояти Ҷамбали Қазоқистон  таркиши сахте рӯй дод ва бино ба охирин хабарҳо бар асари ин инфиҷор се нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафари онҳо хизматчиёни ҳарбӣ буданд. Аз захмӣ шудани 32 нафар низ гузориш расидааст.

Бино ба маълумоти вазорати мудофиаи Қазоқистон таркише, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардон аст, рӯзи гузашта тахминан соатҳои 19:00 бо вақти маҳаллӣ дар натиҷаи...

Страницы