Тозаахбори ин соат. Таъсири сел ба маҷрои Сурхоб, ҳолати фавқулода дар Сичароғ бартараф мешавад

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи  Лахш рӯзи 12-уми июни соли 2020, соати 17:50 дақиқа дар  километри 250 шоҳроҳи Ваҳдатиргатол-Саритош,  ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, ба дарёчаи Арчакапа сел рехт ва қисман пеши роҳи дарёи Сурхоб баста гардид.

Сӯхтор дар корхонаи коркарди нефт. Сабабҳои он тафтиш мешаванд

Рўзи гузашта, соати 11:47 дақиқа дар корхонаи коркарди нафт воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Меҳани ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтори шадид рух дод. Бино ба гузориши Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои и фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 зарфи нигаҳдории гази моеъ оташ гирифт ва хисорати калоне ба ин корхона овард.

Омори нави COVID-19: Дар Тоҷикистон 4902 ва дар саросари олам 7 517 427 нафар мубтало

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон чанд лаҳза пеш шумори сироятшудагон дар КОВИД-19 дар кишварро  4902 нафар эълон кард. Ҳамин манбаъ гуфт, ки  64,4 дарсади беморон (3158 нафар) шифо ёфтанд. То имрӯз бар асари сироят ба вируси корона дар Тоҷикистон 49 нафар ҷон бохтанд.

Дар хабари расмии Вазорати тандурустӣ аз ҷумла омадааст:

Хуросон: Бунёди хонаҳои нав барои осебдидагон идома дорад. Канали харобшудаи ноҳия дубора фаъол мешавад

То замоне, ки сокинони бар асари селу ярч бехонаву даршуда соҳиби бинои нав дар мавзеъи нав нашаванд, ҳукумати кишвар ҷараёни сохтмонро пайгирӣ мекунад. Ин ба он маъност, ки ҳукумати мехоҳад ниёзмандон дар зудтарин фурсат соҳиби манзилҳои нав дар макони нав гарданд ва аз хаймаҳо вориди хонаи навсохту ободи худ шаванд.
Рӯзи 11-уми июн ҳам Раиси вилояти хатлон Қурбон

COVID-19: Гирифторон дар Тоҷикистон 4834 ва дар ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шумори мубталоён ба вируси корона дар олам аз 7 миллиону 270 ҳазор нафар зиёд шудааст. Аз КОВИД-19 дар саросали ҷаҳон бештар аз 413 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин созмони байналмилалӣ ҳамчунин хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта 128 ҳазору  419  нафар сироятёфтагони нав ба қайд гирифта шуданд ва 5...

Страницы