COVID-19: Пекин дар карантини нав. Шумори фавтидагон дар ИМА аз талафоти ин кишвар дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон гузашт

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз талафоти ҷонии ин кишвар дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ шуд. Бино ба омори расмӣ солҳои Ҷанги аввали ҷаҳони Амрико 116 ҳазору 516 нафар сарбозону афсарони худро талаф дода буд. Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз дар гузориши охирини худ навишт, ки ИМА ҳамоно дар сафи пеши кишварҳои олам дар сирояти коронавирус мебошад. Ин манбаъ...

Донишмандони Британия дексаметезонро дар муолиҷаи коронавирус таъсиргузор донистанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки доруи арзону ба ҳамагон дастраси дексаметезон метавонад барои бештари беморони мубтало ба коронавирус, ки ҳоли вазнин доранд, кумак кунад. Ҳатто метавонад онҳоро аз марг наҷот бахшад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин хабарро баъди он эълон кард, ки донишмандони британиёӣ натиҷаи як озмоиши фарогири худро расонаӣ карданд. Тибқи ин таҳқиқот дексаметазон

Консулгарӣ ва муҳоҷират: Як идораи дипломатӣ чӣ хизмате ба муҳоҷирин дар аёми буҳрони короновирус тавонист анҷом диҳад? Бахши аввал

Сухан аз фаъолияти консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург меравад. Консули генералӣ дар ин минтақаи калони Россия  Зафар Сайидзода – олиму  донишманди шинохта, ки 17 феврали  соли равон ба ин вазифа таъйин шуд, зарфи ҳудудан се моҳе, ки оламиён бо КОВИД-19 дастбагиребонанд ва ин вируси кушанда саросари Россияро низ фаро гирифтааст, корҳои шоистаеро ба нафъи муҳоҷирини дар карантинмонда...

СOVID-19: Шумори мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 5221 нафар расид.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ифшои 61 бемори нави гирифтори коронавирус КОВИД-19 хабар дод.  Манбаъ мегӯяд аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 17 июн  дар мамлакат 5221  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида ва то кунун аз ин беморӣ 3700 (70.8%)  нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.

Ба туйи хонадоршавӣ, парвозҳои байналмилалӣ ба Дубай ва Ӯзбекистон иҷозат шуд

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”  ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ки имрӯз, 17-уми июн таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид, ба тӯйҳои хонадоршавӣ ва парвозҳои байналмилалӣ ба Дубай ва Ӯзбекистон иҷозат дод. 

Страницы