COVID-19: Гирифторон дар Тоҷикистон 4834 ва дар ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шумори мубталоён ба вируси корона дар олам аз 7 миллиону 270 ҳазор нафар зиёд шудааст. Аз КОВИД-19 дар саросали ҷаҳон бештар аз 413 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин созмони байналмилалӣ ҳамчунин хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта 128 ҳазору  419  нафар сироятёфтагони нав ба қайд гирифта шуданд ва 5 ҳазору 347 нафар фавтиданд.

Дар айни замон қисмати бештари мубталоён ба коронавирус сокинони Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубианд. Дар ин минтақа 3 миллиону 485 ҳазору 245 нафар мубтало ба КОВИД-19 мебошанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 71 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуд. Манбаъ мегӯяд  то соати 18:00 дақиқаи 11 июн  дар Тоҷикистон 4834 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3062 (63,3%) нафар шифо ёфтаанд. Ба фавтидагон аз КОВИД-19 боз як нафар илова шуд ва ҳоло шумори умумии ҷонбохтагон аз кронавирус ба 49 нафар расид.

То 11 июни соли равон дар мамлакат 887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.