Омори нави COVID-19: Дар Тоҷикистон 4902 ва дар саросари олам 7 517 427 нафар мубтало

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон чанд лаҳза пеш шумори сироятшудагон дар КОВИД-19 дар кишварро  4902 нафар эълон кард. Ҳамин манбаъ гуфт, ки  64,4 дарсади беморон (3158 нафар) шифо ёфтанд. То имрӯз бар асари сироят ба вируси корона дар Тоҷикистон 49 нафар ҷон бохтанд.

Дар хабари расмии Вазорати тандурустӣ аз ҷумла омадааст:

Хуросон: Бунёди хонаҳои нав барои осебдидагон идома дорад. Канали харобшудаи ноҳия дубора фаъол мешавад

То замоне, ки сокинони бар асари селу ярч бехонаву даршуда соҳиби бинои нав дар мавзеъи нав нашаванд, ҳукумати кишвар ҷараёни сохтмонро пайгирӣ мекунад. Ин ба он маъност, ки ҳукумати мехоҳад ниёзмандон дар зудтарин фурсат соҳиби манзилҳои нав дар макони нав гарданд ва аз хаймаҳо вориди хонаи навсохту ободи худ шаванд.
Рӯзи 11-уми июн ҳам Раиси вилояти хатлон Қурбон

COVID-19: Гирифторон дар Тоҷикистон 4834 ва дар ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шумори мубталоён ба вируси корона дар олам аз 7 миллиону 270 ҳазор нафар зиёд шудааст. Аз КОВИД-19 дар саросали ҷаҳон бештар аз 413 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин созмони байналмилалӣ ҳамчунин хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта 128 ҳазору  419  нафар сироятёфтагони нав ба қайд гирифта шуданд ва 5...

Кумак ба сокинон барои бартараф намудани ду рӯйдоде, ки метавонист зарар оварад

Ду рӯйдоди ногаҳонӣ дар шаҳри Душанбе. Ҷойе қубури интиқоли об канда шуд ва манзили сокинонро пуроб кард. Ҷойи дигар боди сахт як чинори азимро чаппа кард ва хатаре ба раҳгузарон эҷод намуд. Дар ду ҳолат ҳам кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даст ба кор шуданд ва ба кумаки сокинон сари вақт расиданд.

Коҳиши шумори мубталоён ба маънои пок шудани Тоҷикистон аз коронавирус нест

Кам шудани омори гирифторон ва афзудани шумори шифоёфтагон ҳаргиз ба маънои он нест, ки коронавирус аз Тоҷикистон берун шуда бошад ва ё куллан маҳв шудааст. Чораву тадбирҳое, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо КОВИД-19 меандешад, баёнгари он аст, ки ин вирус ҳамоно вуҷуд дорад ва сокинон ҷиддан бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

Страницы