Савгандёдкунӣ дар қисмҳои ҳарбии КҲФ ба анҷом расид

Дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ ба анҷом расид.

То 15 ноябри соли 2024 тамоми даъватшавандагони тирамоҳии қисмҳои низомии КҲФ савганди садоқат ба Ватан ёд карданд. 

Чунончӣ, 15-уми ноябри соли равон дар қисмҳои ҳарбии КҲФ дар ҳудуни ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Вахши вилояти Хатлон, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ҳамчунин ноҳияи Рашт наваскарон савганд ёд карданд.

САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ЛАҲЗАИ ХОТИРМОНИ НАВАСКАРОН

Дар арафаи таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае доранд субҳи 15 ноябри соли 2024 ҷамъомади тантанавии савгандёдкунии 52 наваскарони қисми ҳарбии 45085-и баталёни алоҳидаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 15 ноябри соли 2024 бо даровардани Байрақи ҷангӣ ба майдони қадамзании баргузории чорабинӣ  ва таҳти садои Суруди миллӣ оғоз гардид.

Парчами мо – фарҳанги бостонии мо.

«Бигзор, парчами пурҷилло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидон бошад». 

Эмомалӣ Раҳмон

 Нахустин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошта, ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣқабул гардидааст. Дирафш аз давраҳои қадим нишонаву рамзи муқаддаси миллату давлат буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони миллат ҷонсупориҳо намудаанд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд

16 ноябри соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти КҲФ ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии худ раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода хидмат ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ созандаву калидӣ хонд.  

Наваскарони даъвати тирамоҳии Кумита савганди ҳарбӣ ёд карданд

15 ноябри соли 2024 дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аввалин наваскарони даъвати тирамоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд карданд. Ин аввалинҳо 104 нафар наваскарон аз се қисми низомии Кумита буданд, ки дар ҳузури наздикон, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорон ба номи Ватани маҳбуб савганди садоқат ёд карданд.

Страницы