Заҳролуд шудани чор кӯдаки як оила аз ангишт дар Шаҳристон. Ду тани онҳо ҷон бохтанд, дуи дигар дар ҳоли вазнин

Ин ҳодиса шаби гузашта, 17-уми декабри соли 2024 рух дод. Чор кӯдаки як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Ду нафар ҷони худро аз даст доданд, ду нафари онҳо дар ҳоли вазнинанд.

Ба назар мерасад огоҳиву ҳушдорҳо дар мавриди истифода аз ангишт, ҳезум, асбобҳои барқӣ ба гӯши баъзеҳо намерасад. Беаҳмиятиву беназоратиҳо ин гуна фоҷеаҳои мудҳишро ба дунбол доранд.

АСЛИ ХАБАР:

Ҷустуҷӯи ғарқшудагон дар садамаи рӯзи 15-уми декабр дар Айнӣ идома дорад

Дар фоҷеаи рӯзи 15-уми декабри соли равон се нафар ғарқи дарёи Фон шуданд. Имдодгарон мошинро аз умқи дарё берун оварданд, ҷасаде дар он дида нашуд. Ҷустуҷӯ идома дорад.

Ҳисобот оид ба мониторинги муҳити зист. Июл то декабри соли 2023

Ин Ҳисоботи нимсолаи мониторинги муҳити зист (ҲНММЗ) барои гранти БОР 0865- TAJ: Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ (ЛМИХОТ) (Маблағгузории иловагӣ) омода шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) дархост намуд, ки барои васеъ намудани доираи лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ (ЛМИХОТ, G0614-TAJ), ки (i) кӯшишҳои ҳукуматро барои коҳиш додани талафоти иқтисодӣ дастгирӣ мекунад, маблағгузории иловагӣ ҷудо намояд.

Чор хабари рӯзи гузашта, чор фоҷеа дар ду рӯзи охир

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз заҳролуд шудани панҷ узви як оила дар деҳаи Р.Файзови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ хабар дод.

Ин панҷ нафар, ки аз 32 то 6 сол доштанд, дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор доранд. Вазъи беморон муътадил арзёбӣ гардидааст.

Мақомоти сабаби ин ҳодисаро таҳқиқи мекунанд.

******    *****    *****

Тоҷикистон: Лоиҳаи миллии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ (маблағгузории иловагӣ)

Ин ҳисоботи нимсолаи мониторинги муҳити зист ҳуҷҷати қарзгиранда мебошад. Андешаҳои дар ин ҷо баёншуда ҳатман андешаҳои Шӯрои директорон, роҳбарият ё кормандони БОРро ифода намекунанд ва метавонанд хусусияти пешакӣ дошта бошанд.

Диққати шумо ба бахши " шартҳои истифода "-и вебсайти БОР нигаронида шудааст. Ҳангоми таҳияи ҳама гуна барнома ё стратегияи кишвар, маблағгузории ҳама гуна лоиҳа, таъин ё ишора ба қаламрав ё минтақаи мушаххаси ҷуғрофӣ дар ин ҳуҷҷат, БОР ният надорад, ки дар мавриди мақоми ҳуқуқӣ ё дигар ягон қаламрав ё минтақаи ҷуғрофӣ қарор қабул кунад.

 

Страницы