Ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо ҳузурӣ ва онлайн баргузор шуд (ВИДЕО)

4 декабри соли 2020 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи ҷамъбастии Платформаи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

COVID-19: Беш аз 65,5 миллион сироятшуда дар олам. Як корхонаи тавлиди воксани Русия дар Қазоқистон сохта мешавад. Аввалин сирояти гурба дар Шветсария сабт шуд

Субҳи имрӯз, 4 декабр Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳонро  65 миллиону 536 ҳазору 642 нафар ва ҷонбохтагонро 1 миллиону 511 ҳазору 927 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ  то кунун 45 миллиону 377 ҳазору 278 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар айни замон 106 ҳазору 650 нафар дар беморхонаҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Моҷароҳо дар ИМА: Чаро губернаторон ва шаҳрдорон қоидаҳои беҳдоштии зиддикоронавирусро риоя намекунанд?

Як нашрияи маҳаллӣ шаҳрдори Остин-пойтахти иёлоти Техассро ба нақзи қоидаҳои карантинӣ муттаҳам кард. “Austin American-Statesman” ахиран навишт, ки шаҳрдори Остин демократ Стив Адлер хилофи гуфтаҳои худ амал мекунад ва он чи ба мардум тавсия медиҳад, худ риоя намекунад. Стив Адлер дар вокуниш ба ин мақола гуфтааст, ки амалаш берун аз гуфташ набуд. Гуфта мешавад, ки шаҳрдори Остин Стив Адлер борҳо

Кормандони Раёсати КҲФ дар Хатлон дар Рӯзи ҷаҳонии маъюбон ба аёдати онҳо рафтанд

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон оиди ғамхориҳои маъюбон  кормандониРаёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  дар вилояти Хатлон  ба аёдати маъюбони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кўшониён...

Қурбонии Covid-19: Президенти собиқи Фаронса Валери Жискар д'Эстен аз коронавирус аз олам даргузашт

Президенти собиқи Фаронса Валери  Жискар д'Эстен дар синни 94-солагӣ бар асари коронавирус аз олам даргузашт. Бино ба хабари расмии хабаргузориҳои Фаронса сиёсатмадор дар ҳалқаи пайвандонаш, дар манзили зисти худ тарки олам кард. Ҷузъиёти бештаре аз бемории президенти собиқ маълум нест. Аммо кулли хабарҳои расмӣ ӯро низ қурбонии КОВИД-19 гуфтаанд.

Страницы