Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 65 миллион наздик мешавад. Парламони Ҷопон тарҳи қонун дар бораи эмкунии ройгони шаҳрвандонро тасвиб кард
Чоп шуд: 03/12/2020 | redaktor
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз, 3 декабр хабар дод, ки шумори гирифторон дар коронавирус дар олам ба 64 миллиону 865 ҳазору 959 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта теъдоди мубталоён боз 213 ҳазору 888 нафар афзудааст. Аз ин беморӣ дар олам то кунун 1 миллиону 499 ҳазору 671 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон 44 миллиону 961 ҳазору 955 нафар гуфта шудааст.