Ҷаласаи Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Генерал Назарзода хостори таҳкими фаъолиятҳо дар ҳама самтҳои фаъолият шуд
Чоп шуд: 13/07/2020 | admin
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таҳкими назорат дар соҳили обҳои кишвар шуд, то кормандони Кумита беш аз ҳар вақти дигар дасти афтодагону ғарқшудагонро гиранд. Вай гуфт: “Ба мо зарур аст хеле фаъолтар бошем, то ки ҳаёти одамон, аз ҷумла кӯдаконро ҳифз ва онҳоро аз ҳодисаҳои нохӯш наҷот диҳем”.