Имдодгарон оби таҳхонаи як биноро берун кашиданд. Ду дари баста дар ду кӯчаи Борбад дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобро боз карданд

Шабонраӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар берун кашидани оби як таҳхонаи бинои истиқоматӣ ва кушодани ду дари баста дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоби вилояти Хатлон ба сокинон ёрӣ расонданд.

Ба қисми навбатдорӣ хабар расид, ки дар маҳаллаи ба номи Раҷабови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қубури обгузари як бинои истиқоматӣ рахна шудаву хавфи зери об мондани ошёнаи аввал таҳдид мекунад.  Бо дарёфти хабар дастаи вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расид ва бо ёрии дастгоҳи обкаш, оби таҳхонаро пурра берун кашид ва сокинонро аз нигаронии зери об мондани хонаҳояшон наҷот дод. 

Худи ҳамин рӯз ду хабари дигар расид, ки ду дари хонаи истиқоматӣ, яке дар шаҳри Душанбе ва дуюмӣ дар шаҳри Кӯлоб баста шудаву бошандагон наметавонанд ба он ворид шаванд.  Кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дари  оҳании сокини кӯчаи Борбад 93/7-ро боз карданд ва дастаи вокуниши сареъ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон ба сокини хонаи 36 кӯчаи Борбади ин шаҳр ёрӣ расонданд, ки дари оҳании манзилаш беосеб боз шавад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд ва дар сурати рух додани ин ё он ҳалати фавқулода бо телефонҳои:

112;

 223 13 11; ва ё

 93 880 28 19 муроҷиат намоянд.