Дар заминларзаи 4 июл манзили чанде аз сокинони Тоҷикобод як андоза осеб дидаанд

Комиссияи байниидоравии расидагӣ ба паёмадҳои зилзилаи рӯзи 4-уми июл муайян кард, ки бар асари ин ҳолати фавқулода 26 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, ба 85 манзили сокинон дар деҳаҳои Ғанишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об, рустоҳои Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, деҳаи дараи Нушори ҷамоати...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу ғубор ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамол шиддат мегирад, суръати вазиши он аз 15 то 20 метр дар як сония мерасад.

Пажӯҳиш: Саранҷом, исбот шуд, ки ҳайвонҳо метавонанд заминларзаро пешбинӣ кунанд

Дар диди аввал ин чандон назари тоза нест. Аз қаблҳо ҳам дар ин бора мегуфтанд. Яъне маълум буд, ки баъзе намуди ҳайвонот метавонад заминларзаро қабл аз вуқуъ ҳисс кунад. Вале то кунун далели боварибахши илмӣ дар ин бора вуҷуд надошт. Мушоҳидаҳо илман асоснок нашуда буданд ва дақиқан маълум набуд, ки гунаҳои мухталифи ҳайвонот ҳангоми  таҳаввули ногаҳонӣ чӣ аксуламале аз худ нишон медиҳанд. 

Ҷаҳиши маргбор: Чаро ҷавони 25-сола дар оби дарёи Душанбе ғарқ шуд?

Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки аз баландии 5-6 метр худро ба оби дарёи Душанбе андохта буд, бар асари ба санги зери об бархӯрдани сараш ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе, 8-уми июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст.

Беш аз 42 миллион сомонӣ зарари ҳодисаҳои фавқулода дар вилояти Суғд

Зарфи шаш моҳи сипаришуда дар қаламрави вилояти Суғд 260 ҳодисаҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 64 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ дар 6 моҳ ба  иқтисодиёти вилоят 42 миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд.  Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2019 дар ҳудуди вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти ба амал омада...

Страницы