Фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумита дар шабонарӯзи гузашта

Дарҳои оҳанӣ, ки бо нархи гарон харидаву насб карда мешаванд, баъзан барои соҳибонашон мушкилот пеш меоранд. Ҳолатҳое рух медиҳанд, ки калид масдуд мешавад ва ё даруни қуфл мешиканад. Дар аксар маврид одамон намедонанд чӣ кор кунанд ва баъзан ба ном устоҳо коре мекунанд, ки дар боз мешавад, вале ба сурату намуди зебои дар осеб мерасад. Аммо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода роҳҳои безарари боз кардани ин гуна дарҳоро медонанд.

Равоншиносони КҲФ ихтисоси худро такмил медиҳанд

Равоншиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулода бо ҳама хадамоти фаврӣ ҳузур меёбанд ва бояд, ки донишҳои лозим дар бораи чигунагии корҳои наҷот ва расонидани кумакҳои аввалияи тиббиро донанд.

Оқибатҳои "заминларза" дар пойтахт бартараф шуданд, Маркази гармидиҳӣ аз "сӯхтор" эмин монд

Ин буд хулосаи тамринҳои серӯзае, ки дар ноҳияи Фирдавсии пойтахти кишвар роҳандозӣ шуд. Тибқи ривоят бар асари заминларза иншоотҳои давлатӣ ва хонаҳои истиқоматии сокинон хароб шуда буданд. Аз зери шикастапораҳо зарардидагон берун оварда мешуданд ва барои ин кор техникаи муҳандисӣ истифода мешуд, онҳо ба бригадаи ёрии таъҷилӣ, ки ҳамин замон расида буд, супурда мешуданд ва барояшон ёрии тиббӣ мерасиданд.

Роҳандозии дарси омӯзишӣ дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон

Дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ мутахассисони Маркази таълимӣ-методии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барои кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дарси омӯзишӣ гузарониданд.

Эълони вазъи фавқулода дар Калифорния

Фармондори Калифорния дар саросари ин иёлоти ИМА вазъи фавқулода эълон кард ва сабаби он идомаи оташсӯзиҳо ва густариши доманаи он бар асари вазиши сахти бод буд. Ширкати Pacific Gas & Electric (PG&E)-яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ ахиран эълон кард, ки 36 округи иёлот метавонанд бе қувваи барқ монанд. Даҳҳо ҳазор хона ба хатари расидани оташ гирифторанд.

Страницы