Тӯфони “Амели” дар Фаронса даҳҳо ҳазор хонаводаро аз нерӯи барқ маҳрум кард

Бино ба иттилои ВВС вазиши бод ва борандагии шадид дар соҳилҳои ғарбӣ ва ҷанубии Фаронса бар асари тӯфони “Амели” барқи даҳҳо ҳазор хонаро қатъ кардааст. Масъулини ширкати барқ гуфтаанд, ки қатъи нерӯи барқ асри рӯзи  якшанбе бар 55 ҳазор хона дар ғарби кишвар асар гузоштааст.

Шуморе аз вазоратхонаҳо ба далели шиддати бод ба ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. Суръати бод дар бархе аз ноҳияҳо 163 километр дар як соат болотар рафтааст.

Машварати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳриён: ба зимистон омода мешавем

Инак, зимистон ҳам наздик омад, аз ҳоло сардиҳои онро эҳсос мекунем. Ва омодагӣ ба он яке аз шартҳои асосии бу хушӣ, бе беморӣ пушти сар гузоштани фасли сармо аст. Пас чӣ бояд кард? Мо аксар вақт аз сатҳи хидматрасониҳои комуналӣ қаноатманд нестем. Бахусус дар ин шабу рӯз, ки баъзан моҳҳову солҳо хизматрасонии комуналиро аслан намебинем. Ва оё мешавад, ки умед ба каси дигар баст, дар ҳоле ки худи мо барои хонаву дари худ метавонем корҳои зиёдеро анҷом диҳем, ки ба нафъи худи мост.

Волидони курсантҳои пирӯз қадрдонӣ шуданд

2 ноябри соли  2019 дар остонаи 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон волидони курсантҳои КҲФ, ки дар Академияи авиатсияи граждании ВҲФ Федератсияи Русия таҳсил мекунанд ва дар спартакиадаи варзишӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, қадрдонӣ шуданд.

Обу ҳавои рӯзи якшанбе, 3-уми ноябр

Тибқи маълумоти  Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  рӯзи якшанбе дар саросари Тоҷикистон ҳавои рӯзи шанбе тақрибан боқӣ мемонад. Барф аҳён-аҳён меборад, бориши борон низ назар ба як рӯзи пеш камтар мешавад. Вале ҳарорати ҳаво кам тағйир меёбад.

2-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳавои тағйирёбанда, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад.  Ҳарорат шабона 8+9°, рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад. 

Гармои шадид ва хушксолӣ дар Зимбабве 55 филро кушт. Чаро? (Видео)

Зарфи ду моҳи гузашта бар асари як беобии сартосарӣ дар Зимбабве ҳаддиаақал 55 фил дар мамнуъгоҳи миллӣ ба далели гуруснагӣ ва ташнагӣ ба ҳалокат расид. Сухангӯи  созмони мудирияти ҳаёти  ваҳшӣ ва паркҳои  Зимбабве ба хабарнигорон гуфт: “Шароит ногувор аст, филҳо бар асари  гуруснагӣ мемиранд ва ин як мушкили бузург аст.  Имсол хушксолӣ ба шиддат ба тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ зарар овард”.

Страницы