Боми се хона барои зарардидагони сели ноҳияи Хуросон пӯшонида шуд

Боз се хонаи дигар дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон барои осебдидагони сел бомпӯш шуд. Дар 2 хона андоваи дохилу берун шуруъ шуда, дар 45 хона пӯшидани бомашонро оғоз карданд. Кор барои ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибати ҳодисаи табиӣ ба шиддати бештар идома дорад.

Дар ин маҳалли навобод бояд 67 оила манзили зист дарёфт кунад. Ҳоло барои ҳамаи хонаҳо дару тирезаҳо харидорӣ шудаанд ва дур нест он рӯзе, ки ҳамаи сокинони аз офат хонаҳои худро аз дастдода дар макони нав соҳиби манзилҳои нав мешаванд.

Маврид ба ёдоварист, ки рўзи 24 майи соли ҷорӣ ба ҳар 67 хоҷагие, ки дар боронҳои шадид, сер ва ярч хонаҳои худро пурра аз даст дода буданд, дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти С. Айнӣ 0,08 га заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо ва ҳамаи онҳо барои зиндагонии муваққатӣ бо хаймаҳо таъмин карда шуданд. Сохтмони хонаҳо ба суръат оғоз шуданд, ҳукумати кишвар масолеҳи зарурии сохтмонро фароҳам овард ва инак, рӯзҳои наздик ин хонаҳо пурра ба истифода дода хоҳанд шуд.  

Муродҷон Муйдинов