Имдодгарон дари бастаеро боз карданд, ки фарзанди 8-солаи хонадон дар дохил монда буд
Чоп шуд: 18/11/2019 | redaktorНаҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе дари оҳаниеро боз карданд, ки кӯдаки ҳаштсолаи ин хонадон дар дохил монда буд. Даъвати кумак аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе расид. Гуфта мешуд, ки дар хонаи баландошёна воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев марди соҳибхона чун аз манзилаш берун шуд, ҳис кард, ки шамол ба шиддат дарро пӯшид ва он ба таври автоматӣ баста шуд. Соҳиби хона, ки нияти дур рафтан надошт, бо худ калид нагирифта буд.