Чин панголинро аз феҳристи доруҳои суннатӣ хориҷ кард. Оё ин ҳайвон низ интиқолдиҳандаи вируси корона буд?
Чоп шуд: 11/06/2020 | admin
Бино ба гузоришҳои расида аз Чин ин кишвар панголин ё ҳамон мурчахӯри пулакдорро аз феҳристи расмии доруҳои сунатии чинӣ хориҷ кардааст. Ин иқдом, ки рӯзномаи “Тоймз беҳдошт”-и Чин гузориш кардааст, дар пайи он гирифта шуд, ки давлати Чин панголинро таҳти бештарин ҳифозат қарор дод. Шикори ғайриқонунӣ барои ҷамъоварии пулак ва гӯшт ин пистондори камёбро ба марзи инқироз рондааст.