Оғози давраи нави омӯзишӣ барои кормандони КҲФ

Дар доираи татбиқи “Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо”, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд татбиқ мекунад ва бо мақсади такмили ихтисоси кормандони КҲФ дар Маркази таълимии шаҳри Душанбе барномаи омӯзишии компутерӣ оғоз гардид.

Тамрини махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хоруғ

Тибқи нақшаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар масъалаи мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2020 кормандони Раёсат дар ҳудуди шаҳри Хоруғ машқи тактикӣ гузарониданд. Тамрини мазкур дар мавзӯъи “Амали ҳайати роҳбарӣ, қувваҳо ва воситаҳо дар пешгирӣ аз паҳншавии

Наздик ба 18 миллион сироятшудагон ба Covid-19 дар олам. Австралия, ИМА, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд дар гирдоби хатар

Институти Ҷонс Ҳопкинз хабар дошт, ки шумори умумии сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар саросари олам ба 18 миллион нафар наздик мешавад. То кунун бештар аз 685 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Сирояти вирус ҳоло бештар дар чандин минтақаи олам, аз ҷумла Австралия, ИМА, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд густариш меёбад.

COVID-19: Ошкор шудани 44 сироятшудаи нав. Шифоёфтагон 6276 ва фавтидагон 61 нафар

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст ва шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7495  нафар расидааст.

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки то рӯзи  2 август  дар мамлакат  6276 (83,7%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо

Наҷоти як тифли дусола, ки паси дари баста монда буд

Зарфи ду рӯз танҳо дар ноҳияи Синои пойтахти кишвар аз баста шудани се дар хабар дода шуд, ки дар мавриде аз он тифли дусола паси дар тани танҳо монда буд. Ҳодисаҳое назири дарҳои баста дар сурати аксулаламли фаврӣ сурат нагирифтан метавонанд ба фоҷеа анҷоманд. Аз ин рӯ бо дарёфти хабар кормандони наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса мерасанд ва ба соҳибхона барои боз кардани дар ёрӣ мерасонанд.

Страницы