Тамринҳо дар шаҳри Душанбе

Дар асоси ризогии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2019 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020» ва бо мақсади таъмини омодагии доимӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти ташкилотҳо, зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, рўзи 26 августи соли 2020, машқи фармондеҳии ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзўъи: «Амали ҳайати  роҳбарикунандаи зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва равфъи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Сино бо таври маҳдуд ҳангоми бартарафкунии оқибатҳои заминларзаи 6-7 балла»,  гузаронида шуд.

Рўзи 27 августи соли 2020 бошад, дар Раёсати Кумитьаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе тамрини ситодии мудофиаи граждании давраи тобистона дар мавзўъи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ҳангоми ба амал омадани касалиҳои сироятӣ ва эвакуатсия намудани аҳолӣ»,  гузаронида шуд.

Ба тамриноти мазкур аз 14 - сардори ситоди зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва равфъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе даъватшуда, 12 сардори ситоди зернизом иштирок доштанд.   

Дар тамриноти мазкур ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатфавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи он бо пуррагӣ, иштирок доштанд.