Донишгоҳи Ҳопкинз: Шумори сироятёфтагон ба COVID-19 аз 24 миллион гузашт. Мубталоён дар Тоҷикистон 8413 нафар эълон шуд

Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА дар тозатарин омори худ шумори сироятшудагон ба КОВИД-19-ро дар саросари олам беш аз 24 миллион эълон кард. Бино ба омори ин манбаъ дар кулли кишварҳои дунё 24 миллиону 302 нафар гирифтори бемории коронавирус КОВИД-19 шудаанд. Ин манбаъ гуфт, ки то кунун дар олам аз ин беморӣ 821 654 нафар фавтидаанд.

Шоми дирӯз, 26 август Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир 76 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 34 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8413 нафар расидааст.

Ин манбаъ навишт, ки “то санаи  26 август дар мамлакат  7214  (85,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 67  нафар фавтидаанд”.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.