Ба истифода супурдани бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.

Бинои оташнишонии ноҳия дар кутоҳтарин фурсат бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурӯсти кормандони ин сохтор шароити зарурӣ муҳайё гардид.

Ҷустуҷӯи ҷасади ҷаҳонгарди рус Ирина Третяковаи 60-сола идома дорад

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтумин рӯз аст, ки ҷасади  Ирина Третяковаи 61-соларо меҷӯянд, вале ҳамоно нишоне аз ӯ пайдо нест.  Ин шаҳрванди Русия рӯзи 13-уми август ҳангоми убур аз пули рӯди Хингоб ба дарё сарозер шуд ва мавҷи пурхӯрӯш дар як лаҳза ӯро аз чашми ҳамраҳонаш дур кард.

Таҷлили 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Филармонияи давлатӣ

Дар доираи ҷашни 25-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он Муовини Сарвазири Тоҷикистон М.Зокирзода, роҳбарони КҲФ, сарварони як қатор вазоратҳо ва идораҳои кишвар, сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҳикистон ширкат намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин собиқадорони Кумита иштирок доштанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда биступанҷсола шуд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар остонаи ҷашн аз заҳматҳои ҳамкоронаш дар таҳкими қудрати Кумита дар пешгириву бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ситоиш кард. Аз собиқадорон ёд намуд, саҳмашонро дар ташаккули Кумита созанда арзёбӣ намуд. Аз ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ситоиш кард, ки як сабаби таҳкими пояҳои моддӣ-техникии Кумита шудаанд. Ва ба пешсафону хидматкардагон ҷоизаҳои идоравӣ тақдим намуд.

Таҷлили 25-солаги Кумита дар воҳидҳои сохтории он

17 августи соли 1994 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамакнун 25-солагии худро таҷлил мекунад. Ба шарафи ҷашн дар Кумита ва воҳидҳои сохтории он як силсила чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мешаванд.

Страницы