Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 29-уми июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст масъалаи “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019” баррасӣ гардид. Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳисобот дод.

25 СОЛ: Мониторинги кӯли Сарез

Кӯли Сарез аз пурмуаммотарин сохтаи табиат аст, ки муддати бештар аз як аср мардуми маҳал ва атрофи онро ҳамеша зери як таҳдиди хатари пурфоҷеа нигоҳ медорад. Тибқи ҳисоби олимон дар сурати рух додани фоҷиа ва боз шудани оби кўл амвоҷи он дар рўдхонаи Бартанг бо баландии 90-100 метр,бо суръати аз 80 то 100 километр дар соат ҳаракат карда, ҳар литр оби он боз се килограмм хоку регро омехтаю зам карда, ба сели бузург табдил медиҳад.

Дар рониши замин дар Чин даҳҳо тан куштаву нопадид шуданд

Бар асари рониши замин дар деҳае воқеъ дар Ҷануби Чин ҳаддиақал 39 нафар ҷон бохтаанд. Ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи гузашта рух додааст, вале хабари он имрӯз расонаӣ шуд. Расонаҳои давлатии Чин хабар доданд, ки бештар аз 20 манзили сокинони ин русто зери гил ва лой монда, аз сарнавишти 15 нафар аз сокинон иттилоъ дар даст нест.

Мақомоти наҷот ба хабаргузории Синхуа иттилоъ додаанд, ки муваффақт ба наҷоти чиҳил нафар шудаанд. Боронҳои азим ва пуршиддан дар баъзе манотиқи ин кивар ҳамоно дар ҳоли боридан аст.

ПАЖӮҲИШ: Гармои шадид ба ҳадди бесобиқа мерасад

Гармои шадиди ду моҳи охир олимону муҳаққиқони гӯшаву канори Заминро ба ташвиш овардааст. Имсол моҳи июн ва июл бо гармии худ бесобиқа ба назар мерасид ва инро мо ҳамрӯза дар Тоҷикистон эҳсос мекунем. Ҳамин эҳсосро дар Амрико ҳам доранд, дар Британия, кишварҳои Осиёву Уқёнусия низ, дар Русияву Чину Ҷопону мамолики дигар низ. Гузорише, ки дар зер мехонед, аз чанд таҳқиқот, ки манбаъҳои мухталиф (ВВС, Ассошейтенпресс, РИА НОВОСТИ ва ғайра) итишор додаанд, гирифта шудааст.

Се узви як хонавода, ки дар рӯди Сир оббозӣ мекарданд, аз марг наҷот дода шуданд

Се нафар аз як хонавода, ки дар ҷойи мамнуъ барои оббозӣ мехостанд шиноварӣ кунанд, бо талоши кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар Суғд аз чанголи марги эҳтимолӣ раҳо шуданд. Бо вуҷуди огоҳиҳои пайваста шаҳрвандон ҳамоно ҷойҳои мамнуъ барои оббозиро тафреҳгоҳ интихоб мекунанд ва дар аксар ҳолатҳо ин иқдомашон ба фоҷеа меанҷомад. Танҳо зарфи як ҳафтаи охир кормандони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд ҷони 8 нафарро аз марг наҷот додаанд. ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Страницы