Таҷлили 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Филармонияи давлатӣ

Дар доираи ҷашни 25-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он Муовини Сарвазири Тоҷикистон М.Зокирзода, роҳбарони КҲФ, сарварони як қатор вазоратҳо ва идораҳои кишвар, сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҳикистон ширкат намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин собиқадорони Кумита иштирок доштанд. 

То оғози чорабинӣ ширкаткунандагон имкон доштанд бо намоишгоҳи техникаи махсус барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, воситаҳои муосири алоқа, дастгоҳҳои паррони бесарнишин, воситаҳои техникии озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ, таҷҳизоти тиббӣ барои роҳандозии аввалин кумакҳои тиббӣ ба зарардидагон ва расму суратҳое, ки фаъолиятҳои Кумитаро инъикос менамоянд, тамошо кунанд.

Чорабинии тантанавиро муовини Сарвазири Тоҷикистон М.Зокирзода ифтитоҳ намуд ва ба таваҷҷӯҳи ҳозирин Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 25-умин солгарди таъсиси Кумита қироат кард. 

Баъдан, барномаи консертӣ бо ширкати дастаҳои ҳунарӣ баргузор шуд.

барчасп: