Поккориҳои рӯзи 26-уми май. Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Рўзи 26-уми май гурўҳи безаргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар шаҳри Душанбе иборат аз 11-нафар бо 3-адад автомашина, 12- адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3-адад дорупошаки муҳаррикдор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сафарбар карда шуданд.

Резаахбори ин соат: Бархӯрди ду мошин дар Варзоб, инфиҷори обгармкун дар хона, сели харобкор дар Роғун, боди сарди Душанбе ва боми хонаи сокинон...

Инҳо чанд номгӯи хабарҳои мухтасар аз рӯйдодҳои рӯзи гузашта. Ҷойе сел омадаву роҳро бастааст ва ҷойи дигар мошинҳо ба ҳам бархӯрдаанд. Боди сахт боми хонаро кандаву ба замин партов карда, сел мошинеро зери об кардааст ва гурбаяки нозанинро ҳам аз фалокати эҳтимолӣ наҷот додаанд...

Поккории ҳудудан 2 ҳазор хонаҳои сокинон аз ҷониби Раёсати Кумита дар вилояти Суғд

Дар як рӯз аз ҷониби кормандони Дастаи махсуси наҷоти  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бахши хуҷандии он беш аз 20 адад хонаҳои баландошёна поккорӣ мешаванд. То ба имрӯз зиёда аз 2000  ҳавлиҳои шаҳрвандон дар маҳаллаҳои Чорчароғ, Хуҷанд, Тути калон, Шарқ ва ғайра поккорӣ шуданд.

Кумакҳои навбатӣ ба сокинони осебдидаи Хуросон. Диду боздидҳои сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз макони офат

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии муқими кишвар – шарикон аз гурӯҳи РЕАКТ: Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар ҶТ ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кумакҳои навбатиро расонданд.  Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода...

Сокинони аз сел осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти хатлон соҳиби заминҳои нав шуданд

67 хонаводаи аз селҳои ахир осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рӯзи 24-уми майи соли равон соҳиби замин шуданд. Қарор аст онҳо аз ин минтақи селзада ба маҳалли дигар, деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ кӯч банданд. Рӯзи иди Сайиди Фитр бо қуръапартоӣ ин 67 хонавода аввалин асноди занини навро ба даст оварданд. Қуръапартоӣ бо ширкати ҳама ниҳодҳои дахлдори ноҳия гузашт...

Страницы