Моҳидорӣ рафт ва ғарқи шуд

Мавсими моҳидорист ва ҳамарӯза садҳо нафар ба соҳили рӯдхонаву обанбору каналҳо мераванд, то барои таъмини рӯзгор моҳидорӣ кунанд. Аммо ҳар кор, аз ҷумла моҳидорӣ низ қоидаву қонунҳои худро дорад, ки бояд риоя кард. Дар акси ҳол метавон пои худро дар фоҷеае печонд, ки оқибати он нолаи пурсӯзи пайвандон хоҳад буд.

Сокини 24-солаи ҷамоати деҳоти Муҷун, рустои Истиқлоли ноҳияи Деваштич ҳам ба ҳамин ният рӯзи гузашта ба обанбори Даҳанасой рафт. Савори заврақ дохилтари обанбор шуд. Ногаҳон бар асари вазиши боди шадид заврақ чаппа шуд ва худи ӯ дар об ғарқ гардид. 

Баъди дарёфти ахбори фаврӣ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Деваштич бо ҳамроҳии сокинони деҳаи зикршуда ба ҷои ҳодиса рафтанд ва даст ба ҷустуҷӯи ғарқшуда заданд. Аммо дирӯз ин ҷустуҷӯ бенатиҷа буд. Аз субҳи имрӯз корҳои кофтукови ғарқшуда аз сар гирифта шуданд. Тафсилоти ҳодиса нашр мешавад.