Вируси короно дар хориҷ аз Чин густариш меёбад. Ҳудудан 80 ҳазор сироят шудаву 2462 нафар фавтидаанд
Чоп шуд: 24/02/2020 | admin
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки то кунун дар саросари олам 77 ҳазору 794 нафар гирифтори вируси короно шудаанд, ки 76 ҳазору 392 нафари онҳо дар Чин мебошанд. Хориҷ аз Чин дар 28 мамлакати олам 1402 нафар сироят ёфтаанд. То ин муддат 2462 нафар аз короно фавтиданд. Шабонарӯзи гузашта ин вирус дар Исроил ва Лубнон ошкор шудааст. Гузоришҳои расида шаҳодат аз он медиҳанд, ки вируси короно