КҲФ: Ду рӯзи оянда хатари омадани селҳо ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 21 то 23 ноябри соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва Хатлон вилоятҳо, инчунин дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳдиди омадани сел идома хоҳад ёфт. Илова бар ин, бар асари боришот хатари баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

Зери тарма мондани се сокини ноҳияи Ванҷ. Хабари расмӣ

Се сокини деҳаи Пишихарви ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ зери тарма монданд ва яке аз онҳо ҷони худро аз даст додааст.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ин ҳодиса рӯзи 20-уми  ноябри соли 2024, соати 09:00 дақиқа рух додааст.

Ин се сокини ноҳияи Ванҷ бовуҷуди эълонҳо ва ҳушдорҳо аз паёмадҳои боришоти рӯзҳои ахир бо мақсади ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд.

Ду нафари онҳо 44 сол дошта, як нафарашон 55-сола буд.

Заминларза дар Тоҷикистон

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20-уми ноябри соли 2024 соати 20:46 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминҷунбӣ 122 километр шимолу ғарби шаҳри Душанбе, 25 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл, дар қаламрави шаҳри Панҷакент 2-3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳои эҳтимолии рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар давоми шабонарӯзи наздик хатари омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон боқӣ мемонад.

Дар ин робита, Кумита бори дигар ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайру гаштҳо ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Калиди хонаи нав ба сокини Шаҳринав, ки сел манзилашро хароб карда буд

Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ ба шаҳрванд Ҳоҷиматов Алишер - истиқоматкунандаи деҳаи Навбаҳор, ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, ки рӯзи 25 майи соли 2024 бар асари омадани сел хонаи худро аз даст дода буд, калиди манзили нави истиқоматиро супупрд.

Страницы