Наҷоти тифли дусола аз як пайҷои думетраи симчӯб дар Хатлон

Аз беназоратии волидон қариб буд як духтарчаи хандони дусола тарки олам кунад. Ин духтарча саргарми бозиҳои тифлонаи худ дар пайҷои умқаш думетраи симчӯб фурӯ рафт. Агар кормандони наҷот сари вақт намерасиданд, эҳтимол буд ин бетаваҷҷуҳӣ бо фоҷеа ба анҷом расад. Ин ҳодиса рӯзи 11-уми сентябр рух дод. Соати 16:00 ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар расид, ки бар асари бетаваҷҷуҳии волидон тифле  дар мағоке  афтода, ки бештар аз ду метр умқ дорад.   

Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон

Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Сафари навбатии мо ба ноҳияи Мӯъминобод ба рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги Ватани азизамон - Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ба ин муносибат мардуми меҳмоннавози ноҳияи Мӯъминобод ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.

Ширкати генерал Назарзода дар ҷаласаи тантанавии ноҳияи Шуғнон бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатӣ

6-уми сентябри соли 2019 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси  ноҳияи Шуғнон, фаъолони ноҳия, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷавонон ва хонандагон ширкат намуданд. Ҷаласаи тантанавиро Раиси Ҳукумати ноҳия ифтитоҳ намуд ва Истиқлолро рамзи озодии миллат, мустақилияти давлат ва нишони худшиносии халқи тоҷик донист.

Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 28-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил карданд

Дар воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахашида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷаласаву ҳамоишҳои тантанавӣ баргузор мешаванд. Кормандон, афсарон, сарбозон дар ин ҳамоишҳо фаъолона ширкат мекунанд ва дар бораи 28 соли Истиқлол изҳори назар мекунанд, гузаштаро пеши назар меоранд, роҳи тайшударо хаёлан мепаймоянд.

Страницы