Ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввал дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 15/07/2019 | redaktor
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва иштироки муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Д.Холиқзода ҷаласаи мушовараи КҲФ оид ба нимсолаи аввали соли 2019 баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ҳамчунин командирони қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.