Идомаи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар кишвар
Чоп шуд: 08/06/2019 | redaktor
Боронҳои басо пуршиддату селҳои харобиовар дар манотиқи мухталифи кишвар ҳаёти мардумро ба мушкил рӯ ба рӯ сохтанд. Ин ҳавои номусоид, ки охири моҳи гузашта оғоз шуд ва то ба ҳол идома дорад, дар қаламрави кишвар муҷиби харобиҳои зиёде шуду хисороти бисёр ба бор овард. Мизоми ин зарарҳои расида ҳоло аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулода санҷида мешавад. Дар айни замон корҳои барқароркунии харибиҳо ва бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ босуръат идома доранд.