Таҳвили техникаи нав барои КҲФ

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳум “Дар бораи ҳамкориҳо дар самти омодагиҳо, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим”, ки ҳануз моҳи майи соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Озуҷавории Умумиҷаҳонии СММ имзо шуда буд, имрӯз дар КҲФ маросими таҳвили техникаи навбатӣ доир гардид.

Шикасти пурраи платформаи сиёсиву идеологии ҲНИ чун натиҷаи шӯҳратпарастии фавқулодаи роҳбари он

Тавре мусаллам аст, 9 сентябри соли 2018 дар Варшава як қисми муайяни мухолифини ифротгарои тоҷик дар хориҷи кишвар эъломияро дар бораи ташкили иттиҳоди муштарак – Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) имзо карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ аст, роҳбари ин паймон интихоб карда шуд.

Анҷоми тамринҳои муштараки се кишвар дар Қирғизистон

Рӯзҳои 24-25сентябри соли 2019 дар қаламрави вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон бори аввал идораҳои наҷоти Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон машқи муштараки байналмилалии бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи наздисарҳадӣ дар мавзӯи “Ҳамкории мақомоти идоравӣ, нерӯҳо ва воситаҳои се кишвар ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар қаламрави вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон” гузарониданд.

Пажӯҳиши паёмадҳои тағйироти иқлим. Чаро Гретаи наврас роҳбарони оламро ноком меномад?

Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши СММ оид ба тағйири иқлим дар ҷараён аст.  Дар остонаи ин ҳамоиш Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ гузориш мунташир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: паёмадҳои тағйироти иқлимӣ дар панҷ соли охир шадидтар шудааст. Дар ин гузориш омада, ки аз соли 2014 то 2019, яъне аз замони оғози сабти гармо гармтарин давраи таърихӣ будааст.  Боло омадани сатҳи оби дарёҳо дар ин давра шитоби бештаре гирифта,  интишори газҳои гулхонаӣ ба сатҳи бесобиқа расидааст.

Тавсияҳои КҲФ: Дар ин ҳавои гардолуду пурчанг чӣ бояд кард?

Муддати чанд рӯзи охир ҳавои гардолуди то ҳадде тӯфонӣ кишварро фаро гирифтааст. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад дар чунин ҳолатҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама ба одамони гирифтори бемориҳои дил, зиққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.

Страницы