Лаҳзаҳои хотираҳо: Мулоқоти ҳайати шахсии Раёсати Хатлон бо собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Чоп шуд: 10/05/2019 | admin
Чӣ солҳое гузаштанд. Ҳафтоду чаҳор соли пурра моро аз муждаи пирӯзӣ дар хунинтарин ҷанги олам ҷудо мекунад. Муждае, ки кишвари паҳновари Шӯроҳо муддати панҷ сол интизорӣ мекашид. Ва ин муждаро миллионҳо тан бо ашки шодӣ шуниданд. Имрӯз аз он ёдҳои талхе монда. Ҳамоно доғи ҷанг аз қалби сокинони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нарафта. Ва ҳамагӣ чанд рӯз пештар хабаре расонаӣ шуд, ки духтари як