Заминларзаҳои имрӯз талафоти ҷониву хисорати дигар надоштанд
Чоп шуд: 20/02/2019 | admin
Субҳи имрӯз ду маротиба заминларза Тоҷикистонро такон дод. Ҳар ду бор хушбахтона заминларзаҳои бидуни осеб буданд.
Субҳи рӯзи 20.02.2019 соати 06:26 дақиқа бо вақти Душанбе замин ду маротиба такон хӯрд. Бино ба маълумоти Идораи зилзиласанҷии кишвар маркази ин заминларза ҷанубу шарқи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон буд.
Қувваи он дар марказаш дар ҷунбиши 06:26 дақиқа, 3 бал ва соати 06:35 дақиқа, 4 бал буд. Дар Душанбе қувваи заминларза 2-3 баллро ташкил медод.