Дарсҳои бехатарӣ ба бачаҳо дар истироҳатгоҳҳои дараи Варзоб

Кормандони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  дар урдугоҳҳои бачагонаи саломатии “Шарора”, “Гулхан”, “Орзу”,  “Зимчуруд” воқеъ дар дараи Варзоб барои кӯдакон дарсҳои бехатарӣ гузарониданд.

Ин гуна вохӯриҳо ба он хотир гузаронида мешаванд, ки ба кӯдакон қоидаҳои амали бехатар дар обҳоро омӯзанд ва ҳамзамон расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ ба ғарқшавандагонро ёдрас кунанд. 

Кормандони Раёсати КҲФ дар ин дарсҳои омӯзишӣ ба бачаҳо дар бораи ҳолатҳое нақл карданд, ки фоҷеа дар обро метавон бо риояи одитарин қоидаҳои бехатарӣ пешгирӣ намуд. Ҳамчунин ба онҳо фаҳмониданд, ки дар ҳолати пеш омадани ҳолатҳои нохуш бояд чӣ кор кунанд. Дар ин мулоқот бештар дар мавриди ёриҳои аввалини тиббӣ ба афроди наҷотёфта дар об таваҷҷуҳ карданд. 

Наҷотдиҳандагон бо бачаҳо усулҳои расонидани ёриҳо ба афроди ғарқшавандаро тамрин карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки роҳандозии ин гуна чорабиниҳо  ва дарсҳо бачаҳоро ба оянда ҳушёр мекунад ва онҳо ҳангоми вуруд ба об аз оқибатҳои ногувор  хоҳанд андешид.

Баъди анҷоми ҳар дарс ба ширкаткунандагон варақа ва китобчаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.