Тағйири обу ҳаво дар кишвар: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 29/01/2019 | admin
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тағйири вазъи ҳаво дар кишвар дар охирин рӯзҳои моҳи январ хабар дод. Бино ба иттилоъи манбаъ рӯзҳои 30 - 31 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, барфу боронҳои шадид меборанд. Дар водиҳо борон ва дар кӯҳҳо барф меояд, ҳаво сардтар аз имрӯз мешавад. Бахусус, рӯзи 30 январ дар аксар қаламрави кишвар боришоти сахт интизор меравад. Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма таҳдид мекунад.