Коронавирус nCov

Пандемия чист?

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бнги изтироб зад ва COVID-19 - ро пандемия эълон кард.  Сирояти умумиҷаҳонии вируси короно сабабгори он шуд, ки  дунё муддатеро дар карантин гузаронад. Торафт ҷуғрофиёи сирояти короно васеъ мешавад. Ва аз хабари кашфи сироятшуда дар Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистони ҳамсоя  метавон мутаваҷҷеҳ шуд, ки ин вирус дар марзи кишвари мо қарор дорад.

Теъдоди сироятшудагон ба вируси короно ба 300 ҳазор нафар наздик шудааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки зарфи як шабонарӯз дар олам 32 ҳазор нафар ба вируси Covid-19 сироят шуданд ва теъдоди умумии беморони Covid-19 дар саросари ҷаҳон ба беш аз 266 ҳазор нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун дар олам беш аз 11 ҳазор нафар фавтидаанд. Аммо донишгоҳи Хопкинси ИМА мегӯяд теъдоди сироятшудагон аз 300 ҳазор гузаштааст.

КОРОНОВИРУС: Охирин хабарҳо аз саросари ҷаҳон

Бар асоси тозатарин омори давлати Италия рӯзи гузашта дар ин кишвар 475 нафар аз сирояти вируси короно ҷон доданд. Ин бештарин омори марги одамон аз замони пайдоиши ин вирус дар олам аст. То имрӯз дар Италия ҳудудан 3 ҳазор нафар аз бемории короно фавтидаанд, ки ин тақрибан баробар ба маргумир дар Чин – маркази пайдоиши ин беморӣ мебошад. Италия ахиран ҳамчунин теъдоди мубталоён ба ин вирусро 35 ҳазору 700 нафар

Роҳандозии корҳои таблиғотии пешгирии сироят ба короновирус дар вилояти Хатлон

Бо мақсади пешгирӣ аз таҳдидҳои сироят ба короновирус (COVID-19) ва таъмини рифоҳу беҳбудии аҳолӣ миёни омӯзгорон, волидон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҳамчунин боғчаҳои бачагонаи вилояти Хатлон як силсила корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ шуданд.

Дар ҷараёни ин мулоқот кормандони Раёсати Кумитаи

Кумакҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо короновирус

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумакҳои байналмилалӣ ба кишвра барои мубориза бо короновирус хабар дод. Бино ба иттилои сомонаи вазорат бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти

Страницы