Марги марди 36-солае, ки баъди муолиҷа дубора гирифтори короновирус шуда буд
Чоп шуд: 06/03/2020 | admin
Дар шаҳри Вуҳони Чин, ки сарчашмаи аслии вируси короно мебошад, беморе фавтид, ки як маротиба шифо ёфтаву дубора ба ин вирус сироят шуда буд. Духтурон гуфтаанд, ки ин марди 36-сола бори аввал миёнаҳои моҳи феврали соли равон сироят шудаву табобат ёфта буд. Баъди аз беморхона ҷавоб шудан мебоист дар карантини 14-рӯза мебуд. Вале ду рӯз пас бори дуюм сироят шуд ва ин бор беморӣ барояш кушанда омад