Коронавирус nCov

Вируси короно: Эҳтимоли марг чӣ қадар аст?

Бовари феълии пажӯҳишгарон ин аст, ки аз ҳар ҳазор нафаре, ки ба вируси короно мубтало мешаванд,  байни панҷ то чиҳил нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Дақиқтарин тахмин 9 нафар дар ҳазор нафар аст, яъне ҳудуди як дарсад.

Ин аст хулосаи як пажӯҳише, ки ахиран ВВС нашр кардааст. Аммо омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд: синн, ҷинс, вазъи

Вируси короно: Дар ҷаҳон миллионҳо нафар дар гирдоби маҳдудиятҳои омадурафт мондаанд

Сирояти саросарии короновирус дар ҳаёти мардуми Аврупо нақш мегузорад. Дар Италия, Испания ва Фаронса зарфи як шабонарӯзи гузашта шумори сироятёфтагон ва фавтидагон афзуд. Дар 24 соати гузашта дар Италия бар асари ин беморӣ 368 нафар фавтиданд ва шумори умумии куштагони ин вирус дар ин кишвар ба 1809 нафар расид. Испания аз ҳалокат 97 нафар ва Фаронса аз 29 нафар хабар доданд.

ОХИРИН АХБОРИ КОРОНО. Вазъи изтирорӣ дар Амрико. Таъхири яксолаи интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳо дар Британия

Британия Кабир ба хотири пешгирӣ аз густариши сироят ба вируси короно интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳоро ба муддати як сол ба таъхир андохт. Қарор буд ин интихобот дар муҳлати камтар аз ду моҳ баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол баъзе аз сокинони ин кишвар мегӯянд давлат ба муқобили густариши короно иқдомоти кофӣ накардааст.
Доналд Тромп
– президенти ИМА барои муқовимат ба

USAID ба Тоҷикистон лавозимоти пешгирӣ аз кроновирус кӯмак кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти  муҳофизати шахсӣ тақдим гардид, ки дар маросими супоридани он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии

Вируси короно: Нахуствазири Канада ва ҳамсараш карантин шуданд

Ҷостин Трюдо – нахуствазири Канада ва ҳамсараш Софи Грегуар-Трюдо пас аз он ки ташхис Софи  Грегуарро гирифттори вируси короно эълом кард, худро карантин карданд. Дар баёнияе, ки аз сӯйи дафтари Сарвазири Канада мунташир шуд гуфта шудааст, ки хонум Грегуар ҳоли хуб дорад ва беморӣ ба ҷонаш хатар надорад. Оқои Трюдо ҳам бояд муддати 14 рӯз бо ҳамсараш дар карантин бошад. Ин манбаъ гуфтааст,

Страницы