Раёсати ВМКБ

Садамаи марговар дар Шуғнон. Мошин ба дарёи Ғунд сарозер шуд. Ронандаи 48-сола ба ҳалокат арсид

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 27 октябри соли 2020 тахминан соати 17:07 дақиқа дар километри 619-уми роҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, дар мавзеи Ригувеви ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Се хабари ногувор аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Шуғнон

Субҳи имрӯз, 01 октябри соли 2020  ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбани Рўдаки 172 дар ҳавзи таъминии шабонарўзии оби шаҳри Душанбе ҷасади як марди номаълум ёфт гардидааст.

 Соатои 08:30 дақиқа  Дастаи махсуси зудамали наҷоти...

Ду садамаи маргбор: Яке дар Поймазори Ванҷ ва дигаре дар Анзоби Айнӣ. Се нафар куштаи ин ду садама. Ронандаҳо эҳтиёт намекунанд

Тибқи маълумоти сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  дар ВМКБ нимишаби рӯзи 20 сентябри соли равон, тахминан соати 22:20 дақиқа  дар километри 80-уми роҳи мошингарди маҳаллӣ, дар мавзеи деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ автомашинаи тамғаи Старекс, ки аз ҷониби сокини сисолаи деҳаи Поймазор идора мешуд, дучори садама шуд.

Ғаввосони Раёсати Кумита дар ВМКБ наҷоти ғарқшудагонро амалан машқ карданд

28 августи соли 2020 барои ғаввосон ва наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дарси амалӣ дар об баргузор шуд.

Дар ҷараёни тамрин ҳамаи зинаҳои баргузории корҳои садамавиву наҷот машқ шуданд: аз ҷумла расидани...

Хабарҳои имрӯз. Аз ғарқи об шудани як пиразани 71-сола то навраси 12-сола. Ба осебдидагони зилзилаи Тоҷикобод кумак расид

Рузи 22-уми августи соли равон тахминан соати 18:35 дақиқа як навраси 12-сола аз беэҳтиётӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст.  Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то зуҳри дирӯз, якшанбе, 23 август идома дошт. Билохира, Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар шаҳри Душанбе ӯро дар мавзеъи кули “Ҷавонон” пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд.
Шоми рӯи якшанбе, 23-уми августи соли 2020

Страницы