Ахбори ин соат. Худкушии як зани 57-сола дар дарёи Ғунд. Марги як марди 52-сола, ки дар кӯҳ чӯпонӣ мекард

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи шанбе, 27 феврали соли 2021 тахминан соати 07:35  дақиқа дар соҳили дарёи Ғунди шаҳри Хоруғ  ҷасади шахсияташ номаълум намоён шудааст. Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят соати 07:40 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд.

Баъди баровардани ҷасад аз дарё маълум гардид, ки ӯ як зани 57-сола сокини ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ будааст.

Сабаби даст ба худкушӣ задани ӯ маълум нест. Ҷасад барои таҳқиқу тафтиш ба мақмоти дахлдор супурда шуд.    

***   ***   ***   ***

27 феврали соли 2021 бар асари барфтуда аз вазидани шамоли сахт дар километри 815 мавзеи Аличури ҷамоати деҳоти Аличур ва киломерти 873 мавзеи Мамадзоири ҷамоати деҳоти Г.Бердибаеви ноҳияи Мурғоб  роҳи самти Хоруғ-Мурғоб банд шуд.

Ба ҷои ҳодиса 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад булдозер аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Мурғоб сафарбар гардида, 28 феврал соати 15:35 дақиқа роҳ аз барф тоза гардида, ҳаракати нақлиётҳо таъмин гардид.

***   ***   ***   ***

Ба  навбатдории фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 27 феврали соли 2021 соати 11:07 дақиқа  хабар расид, ки дар таҳхонаи бинои кӯчаи Мирзо Мастонгул 30/1 ноҳияи  Шоҳмансур қубури оби нӯшокӣ сӯрох шуда, таҳхонаро аз об пур кардааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 11:10 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 12:10 дақиқа ҳолати баамаломадаро бартараф намуданд.

***   ***   ***   ***

Шаҳрванд Емелянова Наталя ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари хонаи истиқоматии ҳамсояаш воқеъ дар кӯчаи Адҳамоваи ноҳияи Шоҳмансур аз дарун маҳкам шуда ва пиразани 85-солаи танҳо дохили он аст, ки наметавонад дарашро боз кунад. Дастаи зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фавран ба ёрии ӯ шитофт ва мушкилро бартараф намуд.   

***   ***   ***   ***

28 феврали соли  2021, соати 16:10 дақиқа бар асари резиши санг  дар деҳаи Видоҷи ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа сокини 52-солаи ин деҳа ба ҳалокат расидааст. Бино ба гуфтаи шоҳидон мавсуф дар кӯҳ машғули чорвочаронӣ будааст. Сокинони деҳа ҷасади ӯро аз кӯҳ поин оварда, ба соҳибонаш супурдаанд. Ҷузъиёти бештар аз марги ӯ маълум нест.